ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Муҳофизати дарахтон бояд бо усулҳои механикӣ, агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба роҳ монда шавад

Январь 24, 2021 10:08

 ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шудгори байни қаторҳо, нарм кардани атрофи танаи дарахт ва бехи буттаи ток,  додани нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ, яхобмонӣ, ҷамъ ва сӯзонидани баргҳои ба замин рехта, ҳамчунин меваҳои пӯсида ва мӯмиёшуда,  охири тирамоҳ ё дар давраи зимистон бо ёрии калтаки дарози дар нӯгаш  қайчӣ басташуда ё қайчии дастӣ лонаҳои зимистонаи дулонахӯрак ва зарриндумболро гирифта сӯзонидан, шохчаҳои тухмгузории кирми ҳалқатоби кӯҳӣ, ки он ҷо тухм мегузорад, низ  гирифта сӯзонидан, тоза намудани пӯстлохҳои нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани шоху навдаҳои хушкшуда ва сахт зарардида аз зараррасонҳо ва осебдида аз касалиҳо,  тоза намудани ковокӣ, захм ва тарқиши дарахтон, сафед кардани тана  ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20-фоизаи оҳак  (2 кг оҳак ва 500 гр лой дар 10 литр) яке аз роҳҳои истифодаи саривақтии усули агротехникӣ дар давраи зимистонгузаронӣ бар зиди зараррасонҳо дар майдони боғу токзор мебошад. Ин амалҳо пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳоро маҳдуд намуда, ҳолати фитосанитарии онҳоро беҳтар менамояд.

Ин тавсияҳо аз ҷониби Муасссисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати кишоварзии мамлакат ба кишоварзону боғпарварон пешниҳод гардидаанд.

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли амнияти озуқаворӣ ва бо кор таъмин намудани мардуми деҳот мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Дарахтони мевадиҳанда ва токзори ҷумҳурӣ дар таркиби худ организмҳои зараррасон доранд. Дар муддати дуру дарози давраи нашъунамои дарахтони мевадиҳанда ва токзор, ба миқдори кофӣ мавҷуд будани фаровонии гармӣ, равшанӣ ва дигар омилҳо барои инкишофи шумораи зиёди  зараррасонҳо ва касалиҳо шароити мусоид пайдо мешавад. Бинобар ҳамин зимни гузаронидани корҳо  барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва токпарварӣ ба масъалаи муҳофизати растанӣ диққати махсус бояд дода шавад.

Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили ҳолати фитосанитарии боғу токзори ҷумҳурӣ аз тарафи олимону мутахассисони соҳа нишон дод, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста аз иқлими маҳал дар дарахтони мевадиҳанда ва токзор намуди гуногуни зараррасону касалиҳо паҳн гаштаанд. Зараррасонҳои аз ҳама бештар паҳнгашта тортанакканаҳо, ширинчаҳо, сипарболакҳо, асалаки нок, кирмаки себ, кирмаки дӯлонахӯрак, зарриндумболи туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт ва кӯҳии ҳалқатоб, куяи себ, заргинаки сиёҳ, зардолухӯраки почағафс, гамбӯсаки хартумчадори зардолу, кирми барги ноором, кирмаки хӯшаи ангур ва кирминаи ордноки ангур мебошанд.

Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ зимни гузаронидани тадқиқоти ҳолати фитосанитарии майдонҳои боғу  токзор муайян намуд, ки ҳамасола дараҷаи гуногуни инкишофёбӣ ва паҳншавии  зараррасонҳои дар боло зикршуда ба қайд гирифта мешавад.

Ҳангоми нагузаронидани чораҳои саривақтии пешгирӣ ва фаврии муҳофизатӣ онҳо дар масоҳати зиёд зуд паҳн гашта, ба ҳосили меваю ангур зарари зиёд оварда, сифати маҳсулотро паст мегардонанд.

Аз ин рӯ зарурати ҳимояи боғу токзор аз истифодаи муҳофизати интегратсионӣ, яъне аз нуқтаи назари илмӣ аз алоқамандии усулҳои пешгирикунанда, механикӣ, агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён омадааст, ки меваю ангури истеҳсолшаванда аз ҳама ҷиҳат ба талаботи бозори дохилию берунӣ ҷавобгӯ бошанд.

Чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешаванд. Аввал- дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтони мевадиҳанда ва буттаи токзор бар зидди зимистонгузаронии зарараррасонҳо ва дуюм-дар давраи нашъунамои онҳо ҳангоми пайдо ва паҳншавии ин зараррасонҳо.

Зараррасону барангезандаи касалиҳои боғу токзор дар зери хоку кулӯхҳо, боқимондаҳои растанӣ, таги дарахтону буттаи ток, пӯстлоху тарқишҳои онҳо ҷойгир шуда, зимистонро мегузаронанд. Дар давраи дуру дарози (сентябр-март) зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа, аз ҳисоби таъсири микроорганизмҳо, патогенҳо, иқлими минтақа ва маҳал, хусусан аз сардии ҳавою бориши зиёд аз 12 то 40 фоиз зараррасонҳо талаф меёбанд, ки ин албатта, кифоя нест.

Бинобар ҳамин хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасонҳои зимистонгузарон чораҳои пешгирикунандаи механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ мегузаронанд.

Инчунин яке аз усулҳои самарабахш- ин усули кимиёвӣ мебошад. Ин усул дар системаи муҳофизати интегратсионии растаниҳо дар баробари дигар усулҳои мубориза бар зидди организмҳои зараррасони зироати кишоварзӣ ва тарзи асосии ҳифзи растаниҳо чун усули кимиёвӣ боқӣ мемонад.

Нишонаҳои хусусияти усули кимиёвии ҳифзӣ: зудтаъсир,  камхарҷ,  дастрас, самаранокии баланд ва истифодаи он ба таври одӣ мебошанд.

Ҳангоми гузаронидани коркарди кимиёвӣ бояд интихоби заҳрхимикатҳо, муҳлати коркард ва иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад.      Барои коркарди кимиёвии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток яке аз ин заҳрхимикатҳо истифода шавад, ин бо маҳлули 4-фоизаи моддаи 30В, 76 фоиз эмулсияи нафту равған (10-76 кг/га), бо маҳлули 1-фоиза, ДНОК  40-фоизаи  хокаҳо (15-20 кг/га),  бо моеъи 3-фоизаи бордосӣ (ба 100 литр об — 3 кг даҳони фаранг-3 кг оҳаки навшукуфта),    бо маҳлули 4-фоизаи равғани муҳаррик омода карда мешавад. Пошидани заҳрдоруҳои номбаршуда то муғчабандии дарахтон ва ё буттаи ток бояд анҷом ёфта, дар ҳарорати на пасттар аз +4 дараҷа гармӣ ва на баланд аз +20 дараҷа бояд гузаронида шавад.

Вобаста аз синну солу зичии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток меъёри сарфаи маҳлули корӣ аз 800 то 1200 литр дар 1 гектар истифода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи қоида, барои муҳофизати кимиёвии растаниҳо бояд заҳрхимикатҳое истифода шаванд, ки дар «Рӯйхати моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифода дар Ҷумхурии Тоҷикистон» иҷозат дода шуда, бо қарори Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Шахсоне, ки барои кор бо пеститсидҳо ҷалб карда мешаванд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва барои ҳифзи беҳдошти худ либоси махсуси мухофизатӣ дошта бошанд. Инчунин ноболиғони аз 18-сола хурд, занҳои ҳомила ва дорои кӯдаки ширмак ба ин корҳо роҳ дода намешаванд. Давомнокии рӯзи корӣ бо пеститсидҳо 6 соат муқаррар шудааст. Ҳангоми кор бо пеститсидҳо маъмурияти хоҷагӣ бояд кормандонро бо ширу маҳсулоти ширӣ таъмин намояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд