Тоҷикистон соли 2020 ба кишварҳои хориҷӣ 3,3 ҳазор тонна ангишт содирот намудааст

Январь 29, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2020 ба кишварҳои ҳамҷавор, назири Афғонистон, Ӯзбекистон ва инчунин Покистон дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 3,3 ҳазор тонна ангишт содирот  намудааст, ки нисбат ба соли 2019  14,3 ҳазор тонна  кам мебошад.

Тибқи хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, содироти ангишт ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби  корхонаҳои «Комбинати металлургии Тоҷик» ва «Талко Ресурс» сурат гирифтааст. Аз ҳаҷми умумии ангишти ба хориҷа содиротшуда  1,3 ҳазор тонна ба Покистон,  1,2 ҳазор тонна ба Афғонистон  ва 0,8 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.

Омилҳои асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти ангишт  ба кишварҳои хориҷӣ ба зуҳур ва паҳн гардидани бемории сироятии СОVID-19 рабт дода мешаванд, зеро бар асари ин пандемияи ҳамагир иртибот миёни кишварҳои минтақа муваққатан қатъ гардида буд.

Январь 29, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд