Тоҷикистон ва Франсия ба ҳамкории муштарак дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тақвият мебахшанд

Январь 21, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо марбут ба тақвияти  ҳамкории муштарак дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, инчунин ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳамкорӣ бо Агентии Франсия оид ба рушд дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мишел Тарран дар Душанбе баррасӣ гардид.

Баҳодур Шерализода таваҷҷуҳи дипломати франсузро ба таҳкими  раванди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи таҷрибаи Франсия дар амалисозии лоиҳаҳо ҷалб намуд, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ доир гардида, мусоҳибон доир ба тамоми масъалаҳои матраҳгардида ба мувофиқа расиданд.

Январь 21, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд