Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азиз аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устоди санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азиз аз олам даргузашт.
Бобоҷон Азиз 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1971 факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлобро хатм карда, солҳои 1972-74 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Солҳои 1974—1976 ба ҳайси корманди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб, солҳои 1976—1989 ба ҳайси сарояндаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода фаъолият намудааст. Аз соли 1989 то соли 2019 вазифаи роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон»-ро ба дӯш дошт. Аз соли 2019 инҷониб бознишаста шуда буд.
Бобоҷон Азиз дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хосса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра, ки Бобоҷон Азиз сурудааст, хеле дилнишинанд.
Бобоҷон Азиз маҳорати хуби актёрӣ низ дошт ва дар якчанд намоиш нақшҳои асосӣ бозида буд, аз ҷумла Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) ва ғайра.
Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983) буд.
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996) ва ордени Дӯстӣ (1998) сарфароз гардида буд.
Дар фонди тиллоии фарҳанги ҷумҳурӣ даҳҳо сурудаҳои дилнишине бо садои қудратманди Бобоҷон Азиз ба ёдгор гузошта шуда, ному кори неки ин устоди санъат дар ёду хотири миллати фарҳангпарварамон поянда хоҳад буд.
АКСҲО аз байгонӣ









Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






