Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азиз аз олам даргузашт

Январь 21, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устоди санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азиз аз олам даргузашт.

Бобоҷон Азиз 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1971 факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлобро хатм карда, солҳои 1972-74 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Солҳои 1974—1976 ба ҳайси корманди Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб, солҳои 1976—1989 ба ҳайси сарояндаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода  фаъолият намудааст. Аз соли 1989 то соли 2019 вазифаи роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон»-ро ба дӯш дошт. Аз соли 2019 инҷониб бознишаста шуда буд.

Бобоҷон Азиз дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хосса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда» (ғазали Мушфиқӣ), «Ёди Ватан» (ғазали Махфӣ), «Ҳарфи дигар мазан» (шеъри Ҳ. Ғоиб), «Нолаи Кова» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Баротов), «Хорӣ макун» (шеъри С. Аюбӣ), «Модар» (шеъри Ф. Ансорӣ, оҳанги А. Баротов), «Ту ширинлаб» (ғазали А. Ҷомӣ, оҳанги Ф. Одинаев) ва ғайра, ки Бобоҷон Азиз сурудааст, хеле дилнишинанд.

Бобоҷон Азиз маҳорати хуби актёрӣ низ дошт ва дар якчанд намоиш нақшҳои асосӣ бозида буд, аз ҷумла Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) ва ғайра.

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии Фестивали умумииттифоқии театрҳои халқӣ дар шаҳри Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983) буд.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996) ва ордени Дӯстӣ (1998) сарфароз гардида буд.

Дар фонди тиллоии фарҳанги ҷумҳурӣ даҳҳо сурудаҳои дилнишине бо садои қудратманди Бобоҷон Азиз ба ёдгор гузошта шуда, ному кори неки ин устоди санъат дар ёду хотири миллати фарҳангпарварамон поянда хоҳад буд.

                                                          АКСҲО аз байгонӣ

Январь 21, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад