«Ғунчаҳои Хатлон». Барои кӯдакону наврасони Хатлон нашрияи махсус таъсис дода шуд

Январь 19, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ғунчаҳои Хатлон»-таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.

Шумораи якуми нашрияи «Ғунчаҳои Хатлон»  кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, таъсиси ин нашрия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сурат гирифт.

Инчунин дар шумораи якуми нашрия  афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.

Масъулини умед доранд, ки ин нашрия соли 2021 ба қалби хонандагони нуқтасанҷ роҳ ёбаду дар тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии истеъдодҳои наврас ва тарбияи кӯдакони хушзавқ саҳми арзанда гузорад.

Ҳадафи таъсиси нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо унвон мешавад.

Январь 19, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид