Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интихобкунандагон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон доир гардида, дар он мавсуф нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Номбурда перомуни дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон доир ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, истифодаи самараноки замин, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сухан гуфт.
Чунин мулоқот дар тарабхонаи «Висол»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов низ доир шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 220 нафар интихобкунандагон ширкат варзида, аз вакили Маҷлиси намояндагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 9 январ идома меёбанд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






