Вазорати рушди иқтисод ва савдо Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон намуд

Январь 23, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии мамлакат  Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» эълон менамояд. Дар ин бора аз  Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Дар озмун шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 «а» пешниҳод намоянд.

Телефон барои тамос: 909 17 55 55

Январь 23, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд