Вазорати сохтмони Россия механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, дигар кишварҳои ИДМ ва Туркияро таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳои Россия муқаррар шуда, он ба таври «дастӣ»* идора карда ммешавад. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, дирӯз, 22 январ Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия Ирек Файзуллин (ДАР АКС) дар мулоқот бо ҷомеаи тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати кишвараш дар ин бора хабар дод.
«Комиссия барои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия таъсис дода шудааст. Мо ин тартибро (воридоти қувваи кории хориҷӣ ба Россия — тавзеҳи АМИТ “Ховар”) тавассути идоракунии дастӣ роҳандозӣ намудем», — гуфт Файзуллин.
Ёдовар мешавем, қаблан Президенти Россия Владимир Путин ба Ҳукумати ин кишвар дастур дода буд, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ба роҳ монад.
АКС аз сомонаи cnis.ru
_______________________________________________
*Идоракунии дастӣ – усули идоракуниест, ки шахси ҳуқуқӣ ва воқеии аз он истифодабаранда тамоми масъулияти иҷрои кореро ба зиммаи худ мегирад ва нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дигар ба таври алоҳида (инфиродӣ) кор мебарад – тавзеҳи АМИТ «Ховар».








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






