Ёдгор Файзов: Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби бархе роҳбарону раисони ноҳияҳои ВМКБ иҷро намегардад

Январь 21, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо иншон медиҳанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар дастгоҳи Раиси вилоят ва идораю муассисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби бархе​ роҳбарони​ идораву муассисаҳо ва​ раисони​ ноҳияҳои вилоят иҷро нагардида, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба унвони раиси вилоят шикоятҳои зиёд ворид мегарданд. Ин матлабро Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар машварати ​ васеи назди Раиси ВМКБ бо иштироки  муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иброз намуд. Ҳамчунин супориш дод, ки масъалаи мазкур​ таҳти назорати ҷиддӣ қарор​ гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии​ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва​ «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар соли 2020, ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи​ ​ «Барномаи давлатии амалӣ ​ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои​ ​ таҳсилоти умумии​ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои​ ​ солҳои​ 2018-2022, омодагӣ ба​ даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон​ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ва оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон​ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони​ воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, дастурамали қонунгузорӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ба​ дастгоҳи Раиси ВМКБ​ аз масъалаҳое буданд, ки дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ​ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода​ оид ба масъалаи ​ ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2020​ дар миқёси ВМКБ​ иброз дошт, ки ба ифтихори таҷлили сазовор аз ҷашни 30-юмин солгарди​ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамалкат​ озмунҳои ҷумҳурияви «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва​ «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» ба хотири​ баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу​ фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни​ тамоми табақаҳои гуногуни​ кишвар​ ​ ва намояндагони касбу кори гуногун ва ҳамзамон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ эълон гардида, ду соли охир дар сатҳи баланд​ баргузор шуда истодаанд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо изҳори нигаронӣ аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ гуфт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ бояд​ донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзои бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзӣ нишон диҳанд.​

​         Ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​, муовини комиссари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки​ баъди дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 рӯз иҷро гардида, ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати Ватан-модар​ ихтиёрона ба хизмат  сафарбар гардиданд.​

Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов роҳбарони шаҳру​ ноҳия ва комиссарони ҳарбиро даъват кард, ки барои​ ​ ​ бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳорӣ ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодагӣ дида,​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.

Январь 21, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад