Соли 2021 сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистон аз ҳисоби Ҳукумати Федератсияи Россия оғоз мегардад

Февраль 12, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешаванд, пас аз мувофиқаи лоиҳаи тарҳи биноҳо дар семоҳаи дуюми соли 2021 ба роҳ монда мешавад. Ин нукта зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Квартсов баён гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур 8-10 феврали соли равон зимни сафари ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Россия бо мақсади иштирок дар 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар доираи ин сафар Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо чанд намояндаи Ҳукумати Федератсияи Россия вохӯриву суҳбатҳои корӣ анҷом дод.

Инчунин Вазири маорифи мамлакат бо муовини якуми вазири маорифи Россия Дмитрий Глушко, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Россия Наталя Бачарова, сардори шуъбаи Тоҷикистонии Вазорати корҳои хориҷии Россия Валерий Шибеко мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Наталя Бачарова  оид ба ҳалли мушкилоти дуҷониба дар робита ба масъалаи пайгирӣ ва ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, додани иҷозат барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия табодули назар намуданд.

Зимни мулоқоти доиргардида дар бораи хотимаи расмиёти ба тавозуни ҷониби Тоҷикистон гузаштани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб низ гуфтугӯ сурат гирифт.

Февраль 12, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад