ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Аз 210 иншооти ҷашнӣ дар Панҷ 164 адад ба истифода дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ аз ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ дидан намуда, бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус соҳаи маориф, тандурустӣ, саноат ва кишоварзии ноҳия шинос гардид. Зикр шуд, ки аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда то ин давра 164 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 46 иншоот, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо тибқи нақша идома дорад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Завқӣ Завқизода ба масъулини ноҳия ҷиҳати тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ, сари вақт ва бо сифати баланди меъморӣ ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, омода намудани техникаҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо, истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дод. Инчунин ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, тақвияти таълиму тарбия дар самти омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм фуруғи маърифат»-ро таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






