ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ бунёдшавандаи Қубодиён 80 фоизи корҳо иҷро гардидаанд

Февраль 1, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бунёди иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда бомаром идома дошта, дар 163 иншоот 80 фоизи корҳо иҷро гардидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ медиҳад.

Иншооти сохташуда доир ба соҳаҳои гуногуни иҷтимою хизматрасонӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимию касбомӯзӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ буда, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону саховатпешагон ва шахсони ватандӯсти мамлакат бунёд мегарданд.

Бино ба зикри масъулини соҳа, қисме аз ин иншооти ҷашнӣ дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 30-солагии Истқилоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи умум қарор дода мешаванд.

Инчуни дар ноҳия барои васеъ намудани кишти такрорӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.

Дар ноҳияи Қубодиён ба истеҳсолу парвариши меваю сабзавот, ғалладонагӣ, парвариши чорвои калону хурд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва тақвияти корҳои саҳроӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Вобаста ба ин масъулини соҳаро мебояд, ки баҳри вусъат бахшидани  корҳои кишоварзӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Февраль 1, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд