ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Комилҷон Раҳмонов дар Вахш бо усули муосири меъморӣ майдончаи варзишӣ месозад

Февраль 19, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тепалиқи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкор Комилҷон Раҳмонов майдончаи варзишӣ бо усули муосири меъморӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни сохтмони майдончаи варзишӣ боздид намуд.

Гуфта шуд, ки майдончаи варзишӣ дар асоси лоиҳа бо усули муосири меъморӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта мешавад. Барои бунёди иншоот сарфи 280 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар майдончаи варзишӣ шароити хуби хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад. Баъди пурра ба кор оғоз намудани майдончаи варзишӣ бо фарогирии мураббиён ва ҷавонони шаҳраку деҳот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят вобаста ба болопӯш кардани майдонча ва ободонии атрофи он ба масъулин тавсияҳо дод.

 

Февраль 19, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд