Агентии содирот: Соли 2020 ба Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон содироти ангишт ба роҳ монда шуд

Февраль 19, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» якҷо бо ширкатҳои ватании ҶДММ «Данғара» ва ширкатҳои «Айнӣ транзит ЛТД»-и Ҷумҳурии Покистон ва ширкати «Брокинг стонер»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон содироти ангишт ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин соли сипаришуда  аз ҷумҳурӣ ба Россия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад.

Дар ин хусус  директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода имрӯз, 19 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Шавкат Бобозода ҳамчунин изҳор дошт, ки новобаста ба омилҳои беруна ва таъсири пандемияи КОВИД-19 соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 млрд 406,9 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  232,5 миллион  зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  268,7 миллион зиёд мебошадТибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019  10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.

«Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъоварӣ, захира, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бастани қарордодҳои содиротӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар дар назди Агентӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани ишораҳои ҷуғрофии маҳсулот таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, якчанд курсҳои омӯзишӣ дар ин самт баргузор карда шуд»,-афзуд номбурда.

Дар  нишаст гуфта шуд, ки дар баробари ин ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти тезвайроншаванда ва дарёфти харидорони хориҷӣ бо якчанд ширкату созмонҳои ватанию хориҷӣ видео-конфронсҳо ва чорабиниҳои дахлдор баргузор шуданд, ки дар натиҷа байни ҷонибҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла моҳи августи соли 2020 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ширкати «GIOS»-и Ҷумҳурии Корея байни Агентии содирот ва ширкати кореягии GIOS ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон, инчунин ҶДММ «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ёддоштҳои тафоҳум оид ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба имзо расонида шуд.

Февраль 19, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст