Ҷамолиддин Абдуллозода аз нуқтаи ташхиси бемории COVID-19-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дидан намуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафта, аз нуқтаи ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳ дидан намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, «штамми британиягӣ»-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар дигар фурудгоҳҳои мамлакат низ чунин нуқтаҳои ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда, ҳар нафаре, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегардад, аз муоинаи табибон гузаронида мешавад.
Бо вуҷуди он ки аз оғози моҳи январи соли равон дар Точикистон бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тамоми кӯшишу талошҳоро барои пешгирӣ ва табобати бемории мазкур равона намудааст.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






