Ҷамолиддин Нуралиев дипломати британиягиро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон шинос намуд

Февраль 17, 2021 13:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масоили ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои нав дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мэттю Лоусон  ва роҳбари Дафтари Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир хонум Ҳонор Фланаган мавриди баррасӣ қарор дода  шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот аз робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ёдовар шуда, ҳозиринро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуд.

Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  Мэттю Лоусон мақсади ташрифи худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар  татбиқи Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодӣ («Policy Innovation Facility») иброз намуда, бинобар ба эътидол омадани вазъ дар Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи ҳадаф ва таъмини суботи макроиқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои монетарӣ шарҳи мухтасар дода, таъкид намуд, ки новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи  андешидани тадбирҳои қатъӣ тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ, меъёри бозтамвилро тадриҷан поин бурда, меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ аз 3 ба 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 9 ба 5 фоиз паст кард, ки дар натиҷа дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро дар ин давраи ҳассос барои ташкилоти қарзӣ таъмин намуд. Маҳз тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам оварданд, ки низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта, ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо зиёд карда шуда, меъёри фоизии қарзҳо паст гардид. Сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт коҳиш ёфта, дороиҳои ташкилоти қарзӣ афзуданд, ки ин аз таъмини суботи молиявӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, — изҳор намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи  Шимолиро ба низоми бонкдории исломӣ ва низоми суғурта ҷалб намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ дар фароҳам омадани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои оянда самарабахш арзёбӣ намуд.

Дипломати бритонӣ Мэттю Лоусон густариши минбаъдаи ҳамкориро дар бахши иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ ва суғурта баҳри татбиқи барномаҳои нав хуш пазируфт.

Февраль 17, 2021 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2371 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст