«Асолати миллии мо ҳимояи марзи Ватан аст». Таҳти чунин унвон ба шарафи Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба истиқболи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисми низомии Вазорати мудофиа таҳти унвони «Асолати миллии мо ҳимояи марзи Ватан аст» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба ҳайати шахсӣ ва сарбозони қисми низомӣ 5 адад телевизор тақдим шуда, ошхона ва толори фарҳангӣ бо лампаҳои каммасрафи муосир чароғон карда мешавад.
Инчунин бо дастгирии ин соҳибкори ватанӣ барои 950 нафар афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, аз шароити буду боши сарбозон, хонаи волидон, хонаи хизматрасонии иҷтимоӣ, хобгоҳи сарбозон, китобхона, толори варзишӣ ва ошхонаи сарбозон боздид намуда, бо як рӯзи ҳаёти сарбозон шинос гардиданд.
Ҳамчунин ҷавонони аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, бо сарбозони қисми ҳарбӣ дидору суҳбат намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки Артиши миллии мамлакат ҷавон ҳам бошад, вале дар ин муддати кӯтоҳ он тавонист ба неруи бузурги ҷангӣ табдил ёбад. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар давлати соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






