Ҷавонони тоҷики муҳассили Москва ҷашни Наврӯзро дар НДХХ бо ҳамоиши идона таҷлил мекунанд

Февраль 26, 2021 11:42

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн мегиранд, иттило доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Аъзои клуби “Ҷавонони муҳассил дар хориҷа” нақша доранд, ки дар НДХХ -и Москва барномаҳои фарҳангиро бо тамоми хусусияти ҷашни Наврӯз ташкил кунанд.

Дар ин рӯз тоҷикистониён тасмим гирифтаанд, ки намоиши ғизоҳо, ҳунарҳои миллӣ, либосҳои суннатӣ ва инчунин баромадҳои донишҷӯёнро ташкил намоянд.

Ба меҳмонони ҷашн маданияти ғанӣ ва гуногуни тоҷикон, урфу одатҳои ҷолиби ин миллати куҳантамаддун пешкаш хоҳанд шуд.

Соли гузашта барномаҳои фарҳангӣ ба ифтихори Наврӯз дар Федератсияи Россия бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус лағв шуда буданд. Имсол бо дарназардошти беҳбуди он, тоҷикистониён на танҳо яке аз идҳои асосии баҳорро ҷашн мегиранд, балки сокинон ва меҳмонони Москваро низ шод ​​хоҳанд кард.

Февраль 26, 2021 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад