Ҷавонони тоҷики муҳассили Москва ҷашни Наврӯзро дар НДХХ бо ҳамоиши идона таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн мегиранд, иттило доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аъзои клуби “Ҷавонони муҳассил дар хориҷа” нақша доранд, ки дар НДХХ -и Москва барномаҳои фарҳангиро бо тамоми хусусияти ҷашни Наврӯз ташкил кунанд.
Дар ин рӯз тоҷикистониён тасмим гирифтаанд, ки намоиши ғизоҳо, ҳунарҳои миллӣ, либосҳои суннатӣ ва инчунин баромадҳои донишҷӯёнро ташкил намоянд.
Ба меҳмонони ҷашн маданияти ғанӣ ва гуногуни тоҷикон, урфу одатҳои ҷолиби ин миллати куҳантамаддун пешкаш хоҳанд шуд.
Соли гузашта барномаҳои фарҳангӣ ба ифтихори Наврӯз дар Федератсияи Россия бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус лағв шуда буданд. Имсол бо дарназардошти беҳбуди он, тоҷикистониён на танҳо яке аз идҳои асосии баҳорро ҷашн мегиранд, балки сокинон ва меҳмонони Москваро низ шод хоҳанд кард.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






