АЗ ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ! Аз ҷониби КИ ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб 4 тонна картошка кишт карда шуд

Февраль 22, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб волонтёрон ва аъзоёни  ҳизб  дар замини хоҷагии ёрирасони назди кумита ба миқдори 4 тонна картошкаро  кишт намуданд.

Тавре аз КИ ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мақсад аз  роҳандозӣ намудани  иқдоми мазкур ин дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замин ва расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат, яъне  саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Мояи хурсандист, ки  сокинони мамлакат ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми намоён мегузоранд ва хусусан имрӯзҳо, ки мавсими кишту кор фаро расидааст, ин иқдом дар саросари кишвар   оммавӣ мегардад.

19 феврал   ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин дар масоҳати қариб  0,5 га (50 сотих)-и заминҳои бекорхобидаи  Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинови вилояти Суғд  низ картошка кишт карда шуд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки талаботи озуқавории Беморхонаи вилоятӣ дар фосилаи муайян бо «нони дуюм» таъмин гардад. Аҳли заҳмати Беморхонаи клиникавии вилоят бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро амалӣ  намуда истодаанд. Дар мавсими имсола аллакай дар заминҳои бекорхобидаи беморхона ниҳолҳои ҳамешасабз, мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуданд.

Февраль 22, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид