Азим Иброҳим: Мо барои содирот кардани меваю сабзавот омодаем

Февраль 3, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки Роҳи оҳани Россия  дар соли 2021 тарифҳоро барои интиқоли металлҳои сиёҳ, контейнерҳо ва маҳсулоти меваю сабзавот паст мекунад, аз ҷумла, барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Россия 50 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст ва оё ин дуруст аст,  Вазири   нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим посух дод, ки “иттилоъ дуруст аст ва мо барои содирот кардани меваю сабзавот омода ҳастем. Масалан, мо барои роҳи оҳани Хошадӣ-Амузанг то 80 фисад сабукиҳо муқаррар кардем, то деҳқонони вилояти Хатлон ҳам имконият пайдо кунанд аз ҳамин роҳи оҳан истифода баранд”.

Инчунин ба суоли он ки аз кай  ҷонибҳо  ният доранд ҳаракати қатораҳоро аз сар ба роҳ монанд, вазир иброз намуд, ки “Вазорати нақлиёт омода аст роҳи қатораро боз кунад, аммо аз сабаби он ки то ҳол COVID-19 пурра аз байн нарафтааст, мо наметавонем ин корро анҷом диҳем. Мо аз корҳое, ки ин вирусро метавонанд хуруҷ диҳанд, бояд муваққатан даст бикашем”, — зикр кард номбурда.

Дар нишаст зикр гардид, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан  6,3 млн. тонна бор бо гардиши 273,4 млн. тонна/км ва 444,6 ҳазор мусофир бо гардиши 21,4 млн. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба соли 2019 боркашонӣ 8,7% ва гардиши бор 18% зиёд гардида, мусофирбарӣ 81,2% ва гардиши мусофир 76,2 фоизро ташкил намуд.

Коҳиши нишондиҳандаҳои мусофирбарӣ ва гардиши он аз ҳисоби қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз 17 марти соли 2020 ба самти Россия ба амал омадааст.

Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ содирот 1,0 млн. тонна (аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 74,4 ҳазор тонна) ва воридот 4,8 млн. тонна буда, нисбат ба соли 2019 содирот 3,3% кам (содироти маҳсулоти кишоварзӣ 21,3%) ва воридот 12,2% зиёд мебошад. Зиёдшавии содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби содироти пиёз (13,2 ҳазор тонна ё 25,4%) ва меваҳои ситрусӣ (569 тонна ё 4,2 маротиба) арзёбӣ мегардад.

Соли 2020 ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тахфифҳо аз 30 то 80% ва барои мусофирон аз 30 то 60% пешниҳод гардидаанд.

Февраль 3, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид