БМТ: Паёми Пешвои миллат дар соли ҷашнӣ ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон хидмат мекунад

Февраль 19, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳоро оид ба  иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд, таҳия намуд. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласае, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандон ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат доир гардид, зикр намуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 – соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.

Ҳоким Холиқзода гуфт, ки  дар Паём дар баробари бахшҳои муҳими кишвар, низоми бонкӣ  мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуда, дар радифи дастовардҳои соҳа ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани як қатор масъалаҳо  таъкид гардид. Аз ҷумла, зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми фаъоли идоракунии корпоративӣ, кам кардани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, афзоиши ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагӣ барои ҷалби  сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, беҳтар намудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ аз масъалаҳое буданд, ки Президенти мамлакат ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни муаррифии Нақшаи чорабиниҳои БМТ гуфт, ки Нақша аз 14 банд иборат буда, дар он иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии корпоративӣ, хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ, ба талабот мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, таъмин намудани раванди идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи оинномавии бонкҳо, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилоти қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ, бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина, пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ.

Нақшаи омоданамудаи БМТ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани авф вобаста ба қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳои шаҳрвандон, пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо дарназардошти хусусияти самти фаъолияти низоми бонкӣ, ҷудо намудани қарзу грантҳо ба занон ва оилаҳо, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигар масъалаҳои муҳими дар Паём зикргардидаро фаро гирифтааст.

Февраль 19, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2799 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2756 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Хоруғ маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Масъалаи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор дар Душанбе баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6649 то 10.7500 сомонӣ муқаррар шудааст
Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи «Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ» ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2731 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1147 то 0.1135 сомонӣ муқаррар шудааст
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6691 то 10.8000 сомонӣ муқаррар шудааст