Бо бунёди 759 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур 7819 ҷойи нави корӣ таъсис мешавад

Февраль 16, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз намуд, ки ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» дар ноҳия бунёди 759 иншоот бо таъсиси 7819 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавсуф зикр намуд, ки соҳибкорӣ омили асосии пешрафт буда, дар ноҳия ба он диққату этибори ҳаматарафа дода мешавад. Дар соли сипаригардида 5405 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2019  63 нафар зиёд мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 24 муассисаи тандурустӣ ҷойгир буда, аз ин шумора 8 муасссиса аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд. Шумораи умумии кормандон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия 3621 нафар буда, аз инҳо табибон 1972 нафар, ҳамшираи тиббӣ 1365 нафар, маъмурият ва кормандони техникӣ 1184 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни нишаст иброз гардид, ки дар соли сипаригардида нисбат ба 22 нафар шаҳрвандоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро риоя накарданд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 8 923 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Инчунин нисбат ба 10 нафар шаҳрвандоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуданд, парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ тартиб дода, ба Суди ноҳия барои баррасӣ ирсол карда шуд.

Дар маҷмӯъ, қонунвайронкунандагон ба маблағи 51 330 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

 

Февраль 16, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд