Бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор дошт, иштирок намуда, ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор туҳфа тақдим намуд.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот Маликшо Неъматзода зикр кард, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, омӯзиши касбу ҳунар ва соҳибмаърифат гардидани наврасону ҷавонони бепарастор, ки онҳоро фарзандони маънавии хеш мехонанд, пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешанд.
Дар мулоқот ҳамчунин аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, мутахассисони варзида гардида, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Сипас чанде аз донишҷӯён оид ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки онҳо бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ сазовори боварии Сарвари давлат гардида, дар ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста хоҳанд гузошт.










Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






