Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Автоматикунонии низоми таълими Академия яке аз роҳҳои аз ҳама асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонӣ, назорати доимии донишҷӯ ва корманд, ташкили дурусти кор дар сохторҳо, дастрасӣ ба маълумоти аниқу дақиқ ва осон намудани кори кормандон мебошад. Бинобар ин, дар назди раёсати таълим маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст, ки кормандонаш дар раванди автоматикунонии низоми таълими Академия фаъолона иштирок доранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода изҳори назар намуд.
Абдухалил Ғафурзода гуфт, ки соли 2020 Академияро 497 нафар, аз ҷумла 32 нафарашон бо дипломи аъло хатм карданд.
Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.
Соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ тибқи Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2020 26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.
Дар маҷмӯъ дар 38 курс 1561 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1361 нафар Гувоҳнома, ба 95 нафар Шаҳодатнома ва ба 105 нафар Диплом тақдим гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 19 курс машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои гуногун гузаронида шуд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






