Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст

Февраль 16, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Автоматикунонии низоми таълими Академия яке аз роҳҳои аз ҳама асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонӣ, назорати доимии донишҷӯ ва корманд, ташкили дурусти кор дар сохторҳо, дастрасӣ ба маълумоти аниқу дақиқ ва осон намудани кори кормандон мебошад. Бинобар ин, дар назди раёсати таълим маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст, ки кормандонаш дар раванди автоматикунонии низоми таълими Академия фаъолона иштирок доранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода изҳори назар намуд.

Абдухалил Ғафурзода  гуфт, ки соли 2020 Академияро  497 нафар,  аз ҷумла 32 нафарашон бо дипломи аъло  хатм карданд.

Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.

Соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ тибқи Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2020  26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ дар 38 курс 1561 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1361 нафар Гувоҳнома, ба 95 нафар Шаҳодатнома ва ба 105 нафар Диплом тақдим гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 19 курс машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои гуногун гузаронида шуд.

Февраль 16, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид