Дар ҷануби Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ тақрибан 10% афзоиш ёфт
БОХТАР, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар вилояти Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қариб то 10% афзоиш ёфт,-изҳор намуд сардори Раёсати омори вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон.
Ба гуфтаи вай, соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои минтақа бо нархҳои муқоисавӣ 16,985 миллиарду 21 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин 9,5% нисбат ба соли 2019 зиёд аст.
Ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи растанипарварӣ 12 миллиарду 305 миллиону 84 ҳазор сомонӣ ва дар чорводорӣ — 4 миллиарду 679 миллиону 937 ҳазор сомониро ташкил дод. Соли 2020 ҳамаи намудҳои хоҷагиҳои минтақа 1 миллиону 470 ҳазору 697 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2019 116,8% зиёдтар аст. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои минтақа 589 ҳазору 89 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 105,4% зиёдтар аст.
Соли 2020 ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои минтақа 209 ҳазору 94 тонна мева истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 103,8% зиёд аст.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






