Дар арафаи Наврӯз нахустин осорхонаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

Февраль 25, 2021 10:23

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон нахустин осорхонаи роҳи оҳан ифтитоҳ мешавад, иттилоъ дод раиси иттифоқи касабаи коргарони роҳи оҳани Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Айни замон Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» фаъолона ба ташкили ин осорхона дар кишварамон машғул аст. Маҳали  ҷойгиршавии ояндаи ӯ аллакай интихоб шудааст. Он дар Хонаи фарҳанги кормандони роҳи оҳани Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд», — шарҳ дод мусоҳиб.

Осорхона пурра дар ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хоҳад буд, маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷавии идора сурат мегирад.

Дар музей тамошобинон метавонанд бо нигораҳои ҷолиб, аз ҷумла аввалин тепловозе, ки моҳи сентябри соли 1929 ба Душанбе омадааст, шинос шаванд.

 

АКСИ Иттифоқи касабаи коргарони роҳи оҳани Тоҷикистон

Февраль 25, 2021 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад