Дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои кор ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкори маҳаллӣ, сардори маркази занони Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯҳсор” Гулчеҳра Ҳасанова тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 ҷои кор таъсис диҳад. Мақсад аз таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба шуғл мебошад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, коргоҳи дӯзандагӣ аз 4 ҳуҷра ва 3 толори калон иборат буда, он бо 30 дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида мешавад. Коргоҳи мазкур дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор гирифта, дар он беш аз 30 нафар бонувону ҷавондухтарон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ба зикри соҳибкор Гулчеҳра Ҳасанова, кормандон метавонанд дар ин коргоҳи дӯзандагӣ ҳар гуна либос, аз ҷумла либос барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, барои омӯзгорон ва кӯрпача омода намоянд.
“Дар оянда нақша дорам, ки барои духтарон ва занон курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда, ба ин васила ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ миёни бонувон ва таъмини сокинон бо либоси баландсифати корӣ саҳми арзанда гузорам. Инчунин дар нақша аст, ки дар ин марказ курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисиро роҳандозӣ намоем”,- гуфт Гулчеҳра Ҳасанова.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






