Дар Душанбе «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҳамоиш доир гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи стратегия ва саҳми шарикони рушд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.
Зикр шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам овардани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат корҳои муайяне ба анҷом расонид.
Тавре сардори Раёсати амнияти санитарӣ, эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврӣ-тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров зикр намуд, дар ҷамъбасти даҳсолаи фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат дар самти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, масъулин доир ба дастовардҳо, мушкилоти соҳа ва қадамҳои минбаъда гузориш доданд. Инчунин дар ҳамоиш доир ба лоиҳаи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» сухан рафта, дар доираи он қабули барномаҳои минбаъдаи соҳавӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ба хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат, хусусан дар минтақаҳои дурдасти мамлакат пешбинӣ гардидааст.
«Бояд гуфт, ки бо татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» афзоиши бемориҳои сирояткунанда дар мамлакат коҳиш ёфтааст. Хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва роҳандозӣ намудани истифодаи техника ва технологияҳои муосир беҳтар гардид.
Инчунин дар баробари мубориза бо сирояти коронавируси нави COVID-19 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо дар 22 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои таъмиру таҷдид ҷиҳати таъсис додани шуъба ва беморхонаҳои сироятӣ идома доранд. Бо мақсади дарёфти саривақтии бемории коронавирус ва ба ташхису табобат фаро гирифтан шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ, ки то соли 2020 5 адад буд, дар муддати хеле кӯтоҳ ба 9 адад расонида шуд. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик ин шумора ба 14 адад расонида шавад»,- гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Дар анҷоми ҳамоиш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» нишасти матбуотӣ сурат гирифт ва масъулин ба саволи журналистон посух доданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
Мақсудҷон Муҳиддинҷон,
АМИТ «Ховар»









ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






