Дар Душанбе «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баррасӣ шуд

Февраль 26, 2021 15:53

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  доир ба шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  ҳамоиш доир гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи стратегия ва саҳми шарикони рушд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

Зикр шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти  раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам овардани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат корҳои муайяне ба анҷом расонид.

Тавре сардори Раёсати амнияти санитарӣ, эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврӣ-тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров зикр намуд, дар ҷамъбасти даҳсолаи фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат дар самти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, масъулин доир ба дастовардҳо, мушкилоти соҳа ва қадамҳои минбаъда гузориш доданд. Инчунин дар ҳамоиш доир ба лоиҳаи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»  сухан рафта, дар доираи он қабули барномаҳои минбаъдаи соҳавӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ба хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат, хусусан дар минтақаҳои дурдасти мамлакат пешбинӣ гардидааст.

«Бояд гуфт, ки бо татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  афзоиши бемориҳои сирояткунанда дар мамлакат коҳиш ёфтааст. Хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва роҳандозӣ намудани истифодаи техника ва технологияҳои муосир беҳтар гардид.

Инчунин дар баробари мубориза бо сирояти коронавируси нави COVID-19 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо дар 22 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои таъмиру таҷдид ҷиҳати таъсис додани шуъба  ва беморхонаҳои сироятӣ идома доранд. Бо мақсади дарёфти саривақтии бемории коронавирус ва ба ташхису табобат фаро гирифтан  шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ, ки то соли 2020 5 адад буд, дар муддати хеле кӯтоҳ ба 9 адад расонида шуд. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик ин шумора ба 14 адад расонида шавад»,- гуфт Наврӯз Ҷафаров.

Дар анҷоми ҳамоиш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»   нишасти матбуотӣ сурат гирифт ва масъулин ба саволи журналистон посух доданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
Мақсудҷон Муҳиддинҷон,
АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2021 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад