Дар гармхонаҳои шаҳри Норак 400 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд

Февраль 1, 2021 10:28

 ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар айни замон дар гармхонаҳои шаҳри Норак 70-80 номгӯй гулҳои мавсимӣ ба миқдори 400 ҳазор бех парвариш меёбанд. Бо мусоид омадани боду ҳаво маъракаи гулшинонӣ дар шаҳр вусъати тоза мегирад.

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак корҳои созандагию  хуррамгардонӣ бо маром идома дошта, айни ҳол  дар Муассисаи давлатии «Гармхонаҳои доимоамалкунанда» 20 намуд маҳсулоти сабзавотӣ парвариш карда мешаванд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд, раиси шаҳр Дилшод Асозода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни парвариши гулҳои мавсимӣ аз муассисаи мазкур дидан намуда, барои ҳарчи бештар гулпӯш намудани кӯчаю роҳравҳо ва назди муассисаю корхонаҳои шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода, масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри омода намудани боз 350 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ чора бинанд.

Февраль 1, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст