Дар гармхонаи «Бӯйи Баҳор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гули садбарг парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бори нахуст дар гармхонаҳои замонавии «Бӯйи Баҳор» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариши гули садбаргро, ки барои омода кардани дастагул пешбинӣ гардидаанд, ба роҳ монданд. Гули садбарг аз Нидерландия ворид гардида, тибқи маълумоти муассисони гармхона, дар як марҳила то 40 ҳазор дона садбарги гуногунранг ҷамъоварӣ менамоянд, ки аввали моҳи март аллакай самараи меҳнати онҳо ба бозор бароварда мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин иқдом имконият медиҳад, ки талаботи аҳолӣ, бахусус дар арафаи иду чорабиниҳо бо гули садбарг қонеъ гардида, воридоти он то ҷое коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин дар ҳашт гармхонаи «Бӯйи Баҳор» парвариши сирпиёз, қулфинай, помидор ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда шуда, сирпиёз дар муддати 200-210 рӯз омода мегардад. Қулфинай моҳи май пухта расида, барои истифодаи сокинон пешниҳод мешавад. Помидор пухта расидааст ва ҳосил сари вақт ба бозорҳо ворид карда мешавад.
Дар гармхонаи «Бӯйи Баҳор» 100 000 бех гулҳои ороишӣ парвариш ёфта истодаанд, ки барои гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо истифода бурда мешаванд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» фаъолият мекунад, ки аз 700 гектар иборат мебошад. Дар он навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш меёбанд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаву ҳавзҳои моҳипарварӣ низ ташкил гардидаанд. Инчунин бо дастури Пешвои миллат аз ноҳияи Ҷайҳун 2000 бех ниҳоли лимӯ ворид карда шуда, дар гармхонаи муассиса парвариш гардида истода, айни замон нашъунамои ниҳолҳо хуб мебошад.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






