Дар Китобхонаи миллӣ ба ифтихори иди ҳомиёни Ватан барномаи фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот, сипари боэътимоди истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ин нуктаро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни маҳфили фарҳангӣ, ки имрӯз бахшида ба 28-солагии ташкили Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, изҳор намуд. Мавсуф аз нақшу мавқеи Артиш дар таъмини суботу оромии мамлакат сухан карда, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолиянд. Дар ҳамоиш, ки бо ташаббуси шуъбаи маъюбон доир шуд, чанде аз собиқадорони соҳа, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва маъюбон (хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ) иштирок доштанд.
Аъзои ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҷумҳурӣ Ҳабиб Сафаров, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони гурӯҳи «Авангард» дар Тоҷикистон Фирӯз Қодиров роҷеъ ба марҳилаҳои тай кардаи ин ниҳоди қудратӣ изҳори андеша карданд.
Қисмати дуюми ҳамоиш фарҳангӣ буд. Дар он сарояндагони хушсадо аз ансамбли «Сипар»-и назди Вазорати корҳои дохилӣ бо сурудҳои хеш хотири ҳамагонро шод намуданд.
Дар хатми ҳамоиш аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Деҳаи нав» маъюбон ва меҳмонон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.










МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






