Дар Китобхонаи миллӣ ба ифтихори иди ҳомиёни Ватан барномаи фарҳангӣ доир гардид

Февраль 22, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот, сипари боэътимоди истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин нуктаро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни маҳфили фарҳангӣ, ки имрӯз бахшида ба 28-солагии ташкили Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, изҳор намуд.  Мавсуф аз нақшу мавқеи Артиш дар таъмини суботу оромии мамлакат сухан карда, зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолиянд. Дар ҳамоиш, ки бо ташаббуси шуъбаи маъюбон доир  шуд, чанде аз собиқадорони соҳа, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва маъюбон (хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ) иштирок доштанд.

Аъзои ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҷумҳурӣ Ҳабиб Сафаров, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони гурӯҳи «Авангард» дар Тоҷикистон  Фирӯз Қодиров роҷеъ ба марҳилаҳои тай кардаи ин ниҳоди қудратӣ изҳори андеша карданд.

Қисмати дуюми ҳамоиш фарҳангӣ буд. Дар он сарояндагони хушсадо аз ансамбли «Сипар»-и назди Вазорати корҳои дохилӣ бо сурудҳои хеш хотири ҳамагонро шод намуданд.

Дар хатми ҳамоиш аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Деҳаи нав» маъюбон ва меҳмонон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

 

Февраль 22, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!