Дар Кобул ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид

Февраль 26, 2021 13:00

 ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани нишасти коршиносони аршад ва Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар таърихи 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе эълон намуд ва хостори иштироки фаъоли кишварҳо гардид.

Дар навбати  худ  муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зимни қадрдонӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур ва кумаку дастгирии ҳамешагии Афғонистон хоҳони он шуд, ки ҳамкории минтақавӣ доир ба Афғонистон  густариш ёбанд, то заминаи сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Сипас ширкаткунандагон лоиҳаи санадҳои марбут ба Конфронси нуҳуми вазирон — Эъломияи Душанбе, тавсеаи имконият барои занон, мудирият ва пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи чораҳои эътимодсозии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Февраль 26, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд