Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ«Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Германия Андреас Протманн ва машваратчӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилс Янсон мулоқот намуд.
Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории мулоқот муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар вохӯрӣ якчанд масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифта, бештари онҳо ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи КОВИД-19, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб, занон ва духтарон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, мутобиқати фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба принсипҳои Париж, ки ба мақоми ниҳодҳои миллии пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон машғуланд, дахл дошт.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқдоми саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коронавируси нав, махсусан ташкили шароити табобат ва пешгирӣ, роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва қишри осебпазири он ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дод.
Зимни мулоқот ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Сафирони кишварҳои Германия ва Франсия дар Тоҷикистон пайваста талош ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюб дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст.
Инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати доир намудани ҳамкорӣ дар соли ҷорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар барои иштирок ва пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба самтҳои зикргардида изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самтҳои зикргардида тақвият медиҳанд.








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






