Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ гузаронида шуданд

Февраль 19, 2021 11:32

ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи дашти Искодари ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 150 кг гандум ва 50 банд алаф дар ҷойҳои махсус муайян пошида шуд.   

Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар“ масъулини шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки корҳои биотехникӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон гузаронида шуда истодаанд.

Баҳри беҳтар сохтани вазъи экологӣ ва таъмини олами наботот дар мавзеи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара низ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои ғизодиҳӣ анҷом дода шуда, зимни он  барои ҳайвоноту паррандагони ин мавзеъ ба миқдори 950 кг дону гандум ва 20 адад бастаи коҳ гузошта шуд.

Тибқи нақшаи чорабинии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят корҳои биотехникӣ — ғизодиҳӣ дар дигар минтақаҳои қаламрави вилояти Суғд идома доранд.

Февраль 19, 2021 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид