Дар ноҳияи Шаҳристон амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар ҷамоати деҳот ва маркази ноҳияи Шаҳристон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист амалиёти «Тозагии маҳал» доир гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон иттилоъ медиҳад, дар амалиёти мазкур кормандони соҳаи маориф, тандурустиву фарҳанг, ташкилоту идораҳо ва сокинони маҳаллаҳои ҷамоати Шаҳристон, дар маҷмӯъ 1350 нафар ширкат намуданд.
Зимни амалиёт 24 ҳазор м/кв кӯчаҳо рӯбучин ва 1,5 км ҷӯйборҳо аз партов тоза карда шуда, ба миқдори 12м/куб партов ҷамъоварӣ гардид. Инчунин дар назди корхонаву муассисаҳои маркази ноҳия барои шинонидани гулу ниҳолҳо ба масоҳати 0,15 га майдончаҳои ниҳолшинонӣ ҳамвор ва омода карда шуданд.
Амалиёти мазкур бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроия рӯи кор омада, ҳадафи асосии он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, қад-қади роҳҳои мошингард, мавзеъҳои партовгоҳ ва назди ҷӯйбору соҳили дарёҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ аст дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ — Иди байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамзамон бо мақсади ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалиёти «Тозагии маҳал» ҷараён дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






