Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи «Варзишгарони Тоҷикистон» ташкил мегардад

Февраль 11, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон  гӯшаи «Варзишгарони Тоҷикистон» ташкил мегардад.

Тавре корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳло Абдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раёсати муассиса барои ташкили гӯшаи комили намоишӣ аз тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ, инчунин наздикону пайвандони варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, ки  дар қайди ҳаёт нестанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки чанде аз туҳфа ва ҷоизаҳои дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи мамлакат (медал, грамота, ҷом, тӯб ва ғайра) ба дастовардаашонро ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супоранд.

Ба ин восита тамошобинон дар баробари бо таъриху фарҳанги пурғановати ҳалқи тоҷик шинос шудану савияи дониши таърихии худро баланд бардоштан, инчунин метавонанд бо дастовардҳои муҳими соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва варзишгарони номдори мамлакат шинос шаванд. Ҳамзамон бо ифтихор аз ватани соҳибистиқлолу обод ва шахсони  номдори он таассуроти хешро доир ба соҳаи варзиши миллати тоҷик қавӣ гардонанд.

Айни замон дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон як адад камони зани собиқадору фаъоли ҷумҳурӣ-камонвари номдор Зебунисо Рустамова, инчунин 7 адад мусаввараи офаридаи рассомони номдори ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи варзиш ва 10 ҷоми варзишӣ бо рақамҳои мушаххаси осорхонавӣ ҳифз мешаванд.

Мавод тибқи муқаррарот қабул гардида, ҳифзи онҳо бо рақами мушаххаси осорхонавӣ кафолат дода мешавад.

Февраль 11, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст