Дар Сангвор даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд
САНГВОР, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Иштирокдорони Фестивали мазкур, ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебо ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури тамошобинон намоянд.
Дар фестивал ҷавондухтарон бо истеъдоди хуби фитрӣ ва маҳорати ҳунармандӣ фаъолона иштирок намуда, ҳунари волои худро дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин пешниҳод намуданд.
Дар фестивал ҷавондухтарони муассисаҳои таълимӣ, бонувони соҳаи тандурустӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, фестивал бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллии тоҷикӣ, маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ ва ашъори баландпоя, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.
Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллии тоҷикона мебошад.










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






