Дар Сангвор даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд

Февраль 24, 2021 10:08

САНГВОР, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор  даври ноҳиявии  Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.  Иштирокдорони Фестивали мазкур, ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебо ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури тамошобинон  намоянд.

Дар фестивал ҷавондухтарон бо истеъдоди хуби фитрӣ ва маҳорати ҳунармандӣ фаъолона иштирок намуда, ҳунари волои худро дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин пешниҳод намуданд.

Дар фестивал ҷавондухтарони муассисаҳои таълимӣ, бонувони соҳаи тандурустӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, фестивал бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллии тоҷикӣ,  маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ ва ашъори баландпоя, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни мазкур тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллии тоҷикона мебошад.

Февраль 24, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид