Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 феврал дар ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, пас аз он хишти аввалини бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод гузошта мешавад.
Тавре роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, 9 феврал дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ва 10 феврал дар ноҳияи Рашт маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳизб, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва фаъолон баргузор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҷлисҳои солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараён доранд. Масъалаи асосӣ дар ҷаласаҳо- ин ҳисобот оид ба фаъолияти ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми соли 2020 буда, аз фаъолияти онҳо натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли 2021 пешниҳод карда мешаванд.
Зимни ҷаласаҳо роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ёдовар шуда, бори дигар иштирокчиёни ҳамоишро ба бунёдкорию созандагӣ, мубориза ба падидаҳои номатлуби замони муосир, дӯст доштани Ватан ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию хештаншиносӣ даъват намуд.
Дар фарҷоми маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳа ва ташкилоти зертобеи он дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 ба як гурӯҳ фаъолон сипосномаю ифтихорномаҳои ҳизбӣ туҳфа карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






