Дар Суғд дар майдони 650 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 18.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба иқлими минтақаҳо то 16 феврал дар хоҷагиҳои истеҳсолии 11 шаҳру ноҳияҳои миқёси вилояти Суғд дар майдони 650 га кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 36,4 дарсади нақшаи дурнамо баробар мебошад.
Тавре масъулини идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанд ҳафта инҷониб деҳқонони вилоят кишти картошкаи барвақтиро оғоз намудаанд.
Имсол кишоварзони вилояти Суғд тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1786 гектар кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда, ният доранд ба ин восита дар фаровон гардонидани бозори дохилии кишоварзӣ ва арзон намудани нархи аслии ин маҳсулот саҳми назаррас гузоранд.
Корҳо дар ин самт бештар дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷ.Расулов хубтар ба роҳ монда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, майдони бештари кишти картошкаи барвақтиро дар вилоят ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (480 га), Ҷаббор Расулов (300 га), Зафаробод ва Мастчоҳ (250 га), Спитамен, Конибодом ва Панҷакент (қариб 200 га) ташкил дода, то 16 феврал дар ноҳияи Б.Ғафуров — 47,4 фоизи кишт, Спитамен – 49%, Ҷ.Расулов – 23%, Конибодом – 38,3%, Зафаробод – 22%, Панҷакент – 37,8%, Мастчоҳ – 18 фоизи корҳои кишт ба анҷом расонида шудаанд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






