Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳии моҳворавӣ — Tourism Satellite Account ҷорӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили омори сайёҳӣ ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд низоми омори маҳворавӣ- TSA (Tourism Satellite Account) ҷорӣ менамояд. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи такмили омори сайёҳӣ ва роҳандозии низоми омори маҳворавӣ доир гардид.
Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар буриши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба саёҳат ва пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ барои муайян намудани саҳми сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ фаро мегирад.
Зикр шуд, ки айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ва ду ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гузаронидани тадқиқоти омории илман асоснок дар ин самт ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳамоиш, ки роҳбарияти Кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ширкат доштанд, зикр шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи кории доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Айни замон маълумоти омори соҳаи сайёҳӣ тибқи шакли ҳисоботи омории 4 нуқтаи сарҳадӣ ва методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Агентии омор дастрас карда мешавад.








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






