Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд дода мешавад

Февраль 5, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд дода мешавад, зеро дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рӯи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ ҳатто бартарӣ дорад. Инчунин аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75-80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин матлаб дар ҷамъомаде, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони сохторҳои сайёҳии мамлакат оид ба тавзеҳи  самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Парлумони ҷумҳурӣ доир шуд, баён гардид.

Зикр шуд, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи  хосса зоҳир менамоянд.

«Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, ки бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ будани соли 2021 Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус рушди сайёҳии дохилӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд»,-илова намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар менамояд.

Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамто мебошад, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он дар арсаи байналмилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар ин раванд ба роҳ мондани сайёҳии дохилӣ метавонад дар рушди сайёҳӣ таъсиррасон бошад. Дар Тоҷикистон имконияти сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад.

Дар ҳамоиш бо қарори комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «Сайрон Тур» иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуда, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Корхонаи дорои масъулияти маҳдуди «Амр» тамдид гардид. Инчунин барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ташкилу баргузории намоиши имконоти сайёҳӣ якчанд ширкатҳои сайёҳӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси Кумита бо мақсади тарғибу муаррифии ҳар минтақаи назаррабои мамлакат ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дод, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештар ба роҳ монанд.

Февраль 5, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид