Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин шумора 1 миллиону 551 ҳазору 200 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 154 ҳазору 240 нафар аз мамлакатҳои хориҷи дур ва 1 миллиону 396 ҳазору 960 нафар аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва имконоти сайёҳии он шаҳодат медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании сайёҳӣ, аз ҷумла манзараҳои нодири табиӣ, кӯҳҳои сарбафалак, кӯлҳои зебо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии ғанӣ буда, солҳои охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соли равон дар мамлакат «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд. Тибқи арзёбии ин барнома, дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ мавҷуд буда, барои кашфи мавзеъҳои нав шароит фароҳам оварда шудааст.
Барнома ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифӣ ва таблиғоти манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии аҳолӣ равона шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид






