Дар «Тоҷикстандарт» дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои Паёми Пешвои миллат матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.
Дар ҳамоише, ки имрӯз дар мақомоти «Тоҷикстандарт» бо иштироки роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии ин ниҳод доир гардид, дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ матраҳ шуд.
Муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерзода таъкид дошт, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар оғози соли 2021 рӯйдоди нодири таърихӣ мебошад, зеро соли равон мардуми кишвар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, ки он дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Паёми навбатӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳим маҳсуб мешавад.
«Пешвои миллат бо эътимод ба мардуми мамлакат баён доштанд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомҳои аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад»,- зикр шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар моро водор месозанд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.
-Баъд аз дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ баён гардиданд, мо бо дарки баланди ватандорию масъулиятшиносӣ кӯшиш менамоем, ки ба қадри суботи комили кишвар бирасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намоему Паёми Пешвои муаззами миллатро дастури амалии хеш қарор диҳем, — гуфт дар анҷом Ситора Шерзода.








Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






