Дар «Тоҷикстандарт» дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои Паёми Пешвои миллат матраҳ гардид

Февраль 9, 2021 15:06

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, ки фарогири   самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.

Дар ҳамоише, ки  имрӯз дар мақомоти «Тоҷикстандарт» бо иштироки роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии ин ниҳод доир гардид, дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ матраҳ шуд.

Муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерзода таъкид дошт, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар оғози соли 2021 рӯйдоди нодири таърихӣ мебошад, зеро соли равон мардуми кишвар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, ки  он дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик  бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз,  Паёми навбатӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муҳим маҳсуб мешавад.

«Пешвои миллат бо эътимод ба мардуми мамлакат баён доштанд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомҳои аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад»,- зикр шуд дар ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар моро водор месозанд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем.

-Баъд аз дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ  баён гардиданд, мо бо дарки баланди ватандорию масъулиятшиносӣ  кӯшиш менамоем, ки ба қадри суботи комили кишвар бирасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намоему Паёми Пешвои муаззами миллатро дастури амалии хеш қарор диҳем, — гуфт дар анҷом Ситора Шерзода.

Февраль 9, 2021 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд